Раҳбарони чор кишвари Осиёи Марказӣ бо сафари давлатӣ ба Чин хоҳанд рафт. Барномаи сафари онҳо дастрас нест.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 8-уми май танҳо ҳаминро гуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтоёнаш аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон бо давъати Си Ҷинпин дар Пекин ҷамъ мешаванд. Ба қавли ӯ, сафари онҳо аз 16 то 20-уми майи имсол идома хоҳад кард.
Раисҷумҳури Чин моҳи март дар паёме ба муносибати ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафари давлатӣ ба Пекин барои дидор ва иштирок дар нишасти "Чин ва Осиёи Марказӣ" даъват кард.
Дар номаи шодбошӣ гуфта шуда буд, ки дар нишаст "тарҳи бузург"-ро баррасӣ мекунанд.
Чин солҳои охир ба яке аз шарикон ва сармоягузорони асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам аз ин кишвар аст. Чизе, ки мояи ташвиши фаъолону мунтақидон шуда.
Дар радабандии ширкати тайвании “DoubleThink Lab” дар мавриди таъсири Чин бар шарикони худ Қирғизистон бо гирифтани мақоми 8-ум ва Тоҷикистон мақоми 9-ум дар садри ҷадвал ҳастанд.
Гуфтугӯ