Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, Русияро "Худо ҷазо дод"


Маҳалли ҳодиса дар Севастопол.
Маҳалли ҳодиса дар Севастопол.

Як мақоми низомии Украина таркиш ва оташсӯзӣ дар як анбори маводи сӯхт дар шаҳри Севастополро “ҷазои Худо” ба Русия барои мушакборони рӯзи пеш номид. Дар натиҷаи мушакборони рӯзи 29-уми апрел дар Украина камаш 25 нафар кушта шуданд.

Андрей Юсов, намояндаи Идораи ҷосусии низомии Украина дар ин бора бо нашри як баёнияе дар вебсайти идора сухан гуфтааст. Аммо ӯ дар бораи даст доштани Украина дар ҳамла ба анбори маводи сӯхт дар ин шаҳри бандарӣ дар нимҷазираи Қрим чизе нагуфтааст.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки Украина бо паҳпод, ё дрон ба анбори азими маводи сӯхт зарба задааст. Идораи ҷосусии низомии Украина мегӯяд, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ 10 бӯшкаҳои азими сӯхт аз байн рафтааст, ҳарчанд Русия гуфт, ки чаҳор бӯшка оташ гирифтааст. Дар видеоҳо аз саҳнаи сӯхтор камаш 5 ҷойи оташгирифта дида мешавад.

Анбор бино ба гузоришҳо барои ҳадафҳои ғайринизомӣ будааст, аммо Андрей Юсов гуфт, ки аз онҷо неруҳои баҳрии Русияро ҳам бо бензину дигар навъи сӯзишворӣ таъмин мекарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG