Бюрои федеролии таҳқиқотии Амрико гумонбарро ба нашри ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон боздошт кард.
Гумонбар низомии 21-солаи бахши иктишофии нерӯҳои низомии Гвардияи миллии аёлати Массачесетси Амрико аст. Вай, ба иттилои пешакӣ, иттилои махфиро ба дӯстонаш фиристодааст.
Дар бораи боздошти гумонбар телевизиони Fox News ва нашрияи The New York Times хабар доданд. Рӯзноманигорон пештар шахсияти гумонбарро ошкор карда буданд. Ба иттилои расонаҳо, гумонбар Ҷек Тейшейри 21-сола аст.
Шахсияти боздоштшударо додситони кулли Амрико Меррик Гарланд тасдиқ кард.
Тафтишот мегӯяд, боздоштшуда дар воқеъ гуруҳеро дар паёмрасонҳои онлайнӣ мудирият мекард, ки ҳуҷҷатҳо дар онҷо нашр шудаанд. Ба гуфтаи додситон, нисбат ба Тейшейр иттиҳоми ғайриқонунӣ соҳиб шудани маълумот дар робита ба мудофиаи миллӣ эълом мешавад.
Мақомоти амрикоӣ Тейшейрро рӯзи 13-уми апрел боздошт карданд.
Гуфтугӯ