Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи мусалмонони Узбекистон гуфт, моддаи E120 "ҳаром" нест


Шаҳрисабз, Узбекистон
Шаҳрисабз, Узбекистон

Маркази фатвои Идораи мусалмонони Узбекистон гуфт, моддаи "кармин" ҳаром нест. "Кармин", ки аз ҳашарот ҳосил мешавад, ба оилаи нимақанотдорон шомил аст ва дар стандартҳои байналхалқӣ рамзи Е120-ро дорад.

Идораи мусалмонони Узбекистон бо такя ба фатвои рақами 3240-и Кумитаи фатвои Урдун навишт: "Моддае, ки аз ҳашарот гирифта мешавад, ба таври кимиёӣ ба моддаҳои дигар табдил дода мешавад. Ин раванд дар ҳуқуқи исломӣ "истиҳола", яъне табдил додани як модда ба моддаи дигар ном дорад. Дар натиҷа моддаҳои нопок сифати худро гум мекунанд ва ба моддаи дигар табдил мешаванд".

Маркази фатвои Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон бо такя ба фатвои мазкур гуфт, ки истифодаи маҳсулоти дорои моддаи Е120 ҷоиз аст.

Бо ин вуҷуд, Маркази фатво илова кардааст, ки "баъзе аз олимон дар истифодаи ин модда ба эҳтиёткорӣ даъват кардаанд".

Пештар блогер Ҳоҷиакбар Носиров дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо нашри видеое йогуртҳоро барои доштани моддаи Е120 ҳаром эълом кард. Дертар бо қарори додгоҳ Носиров барои нашри видеои мазкур 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG