Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як намояндаи Ҳизби демократро дар Алмато заданд


Шахсони ношинос рӯзи 1-уми март дар шаҳри Алматои Қазоқистон ба Берик Ҳамидуллин, намояндаи Ҳизби сабтношудаи демократӣ ҳамла карданд.

Ин ҳодиса дар наздикии манзили Ҳамидуллин рух додааст.

"Намедонам, ки ҳамлагарон чанд нафар буданд. Ҳама чиз ногаҳон рух дод. Вақте аз пушт ҳамла карданд, аз ҳуш рафтам", - гуфт Ҳамидуллин рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо расонаҳо.

Абзал Достияров, намояндаи дигари Ҳизби демократии Қазоқистон гуфт, ки ҳамла ба Берик Ҳамидуллин ангезаи сиёсӣ дорад.

Ҳамидуллин ҳамзамон хабар дод, ки пулис ба манзили вай омада, баёноташро гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG