Додситон рӯзи 27-уми феврал ба иштирокдорони тазоҳурот дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, аз 5 то 12 сол зиндон талаб кард. Дар Додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, дар доираи парвандаи нав 39 кас муҳокима мешавад.
Бештаре аз гумонбарон дар "ташкили бетартибиҳои оммавӣ, тахрибкорӣ, оташзанӣ, расонидани зарар ба молу мулки ғайр, муқобилият нишон додан ба намояндаи давлатӣ" айбдор шудаанд.
Парвандаи аввали ҳодисаҳои Нуқус дар шаҳри Бухоро рӯзи 31-уми январи имсол ба поён расид.
Он замон Давлатмурод Тоҷимуродов ҳамчун айбдоршавандаи асосии ҳодисаҳои мазкур ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. 17 каси дигарро аз 3 то 8,5 сол зиндонӣ карданд ва 4 танро аз толори додгоҳ ҷавоб доданд.
Дар ҳодисаҳои рӯзҳои 1-2-юми июли соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистони Узбекистон ба иттилои расмӣ 21 кас кушта, 243 тани дигар ҷароҳат бардошт.
Эътирозҳо аз сӯи мақомоти қудратии Узбекистон пахш карда шуд, аммо мақомоти он кишвар гуфтанд, низомиҳо сӯи эътирозгарон тир накушодаанд.
Гуфтугӯ