Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хабар дод, ки Маскав дар соли 2023 рушди силоҳи ҳастаиро идома медиҳад.
Аз ҷумла, ӯ гуфт, дар Русия муҷтамаи мушакии "Сармат" бо мушаки нави вазнин дар навбатдории ҷангӣ қарор дорад.
Илова бар ин, ба гуфтаи Путин, Русия истеҳсоли муҷтамаъҳои гиперсадоии Кинжалро идома дода, интиқоли дастҷамъонаи мушакҳои гиперсадои "Сиркон" ба артишро оғоз мекунад.
Путин ваъда дод, ки дар солҳои наздик ба ҳайати Нерӯи баҳрии Русия боз се киштии зериобии ҳастаӣ шомил хоҳад шуд.
Ҳамчунин нерӯҳои Русия соҳиби низомҳои нави зарбазан, таҷҳизоти иктишофию иртиботӣ ва бесарнишин хоҳанд шуд.
Гуфтугӯ