Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як муассиси “Ала-ТВ” дар Қирғизистон


Ҳаммуассиси “Ала-ТВ” Артур Халдаров ба гумони қаллобӣ дар шаҳри Бишкек боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Дар хадамоти матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон бо тасдиқи хабар гуфтанд, Халдаров ба "қаллобӣ” муттаҳам аст. Тафтишот идома дорад.

Ҳаммуассиси “Ала-ТВ”-ро дар асоси шикояти як сокини Қирғизистон боздошт кардаанд. Ба гуфтаи даъвогар, Халдаров ӯро ба маблағи 103 миллион сом фиреб дод.

Артур Халдаров соли 2020 низ ҳамроҳ бо чанд тан бо гумони фурӯши ғайриқонунии таҷҳизоти ширкати “Скай Мобайл”, маъруф бо бренди “Билайн” дастгир гашта буд. Дертар ӯ ҷарима ва аз ҳабс озод гашт.

Наздикони Халдаров ва вакили дифои ӯ то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG