Созмони амрикоии USAID, Барномаи озуқаворӣ ва Хазинаи Кӯдакони СММ барои хонаводаҳои осебпазири Тоҷикистон 13 миллион доллар ҷудо кардаанд.
Интизор меравад, ки ин кумак ба 200 ҳазор сокини Тоҷикистон дар шакли пули нақд ва маҳсулоти ғизоӣ дода шавад.
Дар хабарномае, ки рӯзи 18-уми феврал сафорати Амрико нашр кард, гуфта мешавад, ки ин маблағ ба хотири беҳтар кардани зиндагии хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон равона шудааст.
Адҳам Мусаллам, директори Барномуи озуқавории ҷаҳонии СММ гуфтааст, ки аҳолӣ аз таъсири ҷанги Русия дар Украина азият мекашанд, аз ин рӯ, чунин кумак барои Тоҷикистон муҳим аст. “Мо ба ҳукумати ИМА барои ин саҳми саривақтӣ ва ӯҳдадорӣ, барои хотима бахшидан ба гуруснагӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он, изҳори сипос мекунем,” – гуфтааст ӯ.
ЮНИСЕФ, хазинаи кӯдакони СММ ба 270 ҳазор кӯдаки то панҷсола ва 240 ҳазор зани ҳомила маводи ғизоӣ хоҳад дод.
Дар хабарномаи сафорати ИМА гуфта мешавад, ки ҷанги Русия дар Украина ба амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт ва хатари дастрасӣ ба озуқа дар Тоҷикистонро аз 1 то 8 фоиз зиёд мекунад. Ба гуфтаи сафорат, тақрибан 800 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз дастраси ба ғизо азият хоҳанд кашид.
Созмонҳои байналмилалӣ пайваста аз кумак ба Тоҷикистон хабар медиҳанд, вале сокинон мегӯянд, аксари кумакҳо ба дасти онҳо намерасанд.