Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд боздошти блогер Абдуқодир Муъминовро тасдиқ кард. Дар иттилоияи раёсат омадааст, блогери узбек ба "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" гумонзад аст.
Муъминов гуё соли 2021 ба муассиси як ширкат, ки ба зидди ӯ парванда боз шуда буд, ваъда додааст, бар ивази маблағ метавонад дар "ҳалли мушкили пешомада мусоидат кунад".
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон 8-уми феврал хабар доданд, ки блогери маъруфи тошкандӣ ва маъмури канали "Ko'zgu" дар Ютуб Абдуқодир Муъминов бедарак шудааст.
Наздикони Муъминов гуфтанд, шахсоне дар либоси мулкӣ манзили зисти блогерро дар ноҳияи Яшнободи Тошканд бозҷӯӣ карданд.
Боздошти Муъминов дар пасманзари бозҷӯии коргоҳи сомонаи "Human.uz", бозшавии парванда алайҳи чандин рӯзноманигор ва блогери узбекистонӣ сурат мегирад.
Гуфтугӯ