Тоҷикистон эълон кард, ки ба зарардидагони заминҷунбӣ дар Туркия ёрӣ мерасонад.
Ба гуфтаи мақомот, 50 маъмури наҷот барои кумак сафарбар мешаванд. Тоҷикистон ҳамчунин ният доштааст, ба осебдидагон либосу хӯрок фиристад.
Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал гуфт, "сарони вазорату идораҳо дар ҷаласаи фаврии назди роҳбари давлат ҳастанд. Барои қабули қарор дар мавриди кумак ба Туркия."
Сафири Туркия дар Душанбе мегӯяд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ӯро дар бораи фиристодани маъмурони наҷот ва кумакҳои моливу фаннӣ огоҳ кард.
Умут Аҷар гуфт, "дар ҳоли ҳозир гурӯҳи 50-нафариро ба Туркия мефиристанд. Ҳамчунон ба маълумоти ман расониданд, ки 10 тонна ёрии башардӯстона фиристода хоҳад шуд."
Парчами Туркия дар сафорати ин кишвар дар Душанбе ба ёди қурбониёни зилзила ва мотами ҳафтрӯзаи миллӣ поин оварда шудааст. Шахсони алоҳида низ омодаи ёрӣ шудаанд.
"Бародарони тоҷикамон кумакҳои худро ба сафорат оварда истодаанд. Бародароне ҳастанд, ки пешниҳоди кумакҳои нақдӣ карданд. Мо аз ин ёриҳо хеле миннатдорем ва ба ҳамаи бародарон арзи сипос мекунем," – гуфт Умут Аҷар.
Зилзилаи шадид дар Туркия ва Сурия рӯзи 6-уми феврал боис ба марги ҳазорҳо нафар шуд. Ҳазорҳо каси дигар маҷруҳ шуда ё дар зери вайронаҳо мондаанд.
Гуфтугӯ