Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Алмато ҳамла ба писари Динора Егеубоеваро таҳқиқ мекунад


Маркази матбуотии пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, таҳқиқи ҳамлаи мусаллаҳона ба писари рӯзноманигор Динора Егеубоева шуруъ шудааст.

Шоми 5 феврал рӯзноманигор Динора Егеубоева тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ба писари вай бо таппонча ҳамла кардаанд. Писари Егеубоева фурсат ёфта, ба даҳлези биное ворид гардидааст.

Пештар аз ин, рӯзи 14 январи соли ҷорӣ Егеубоева хабар дода буд, ки фарди ношиносе ба дохили мошини вай хишт партофта ва онро оташ задаанд. Навори сӯхтани мошинро рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Егеубоева гуфт, он ҳодиса сӯиқасд ба ҷони вай буд. Дертар пулиси Алмато хабар дод, ки дар робита ба он ҳодиса 5 ноболиғро боздошт кардааст.

Дар солҳои охир ҳамлаҳои гуногун ба рӯзноманигорон ва идораҳои рӯзноманигорӣ дар Қазоқистон афзудааст.

Созмонҳои байналхалқӣ Қазоқистонро дар қатори кишварҳои дорои вазъияти душвор дар бахши озодии баён шомил кардаанд. Қазоқистон дар шохиси озодии расонаҳо, ки аз сӯи созмони "Хабарнигорони бидуни марз" тартиб дода мешавад, миёни 180 кишвар дар мақоми 122 қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG