Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қирғизистон шикояташонро нисбати сомонаи хабарии "Клооп" пас гирифтанд


Оҷонси рушд ва сармоягузории ҷамъият дар Қирғизистон шикояташ нисбати як маводи сомонаи хабарии Kloop.kg-ро пас гирифт. Дар ин бора Kloop.kg хабар дод. Kloop.kg навишт, ки шикоят ҳанӯз рӯзи 2 феврал пас гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, сомонаи хабарии Kloop.kg рӯзи 1 феврал аз Вазорати фарҳанги Қирғизистон ду мактуб гирифт, ки дар онҳо талаб шудааст, гузориш дар бораи Оҷонси рушд ва сармоягузории ҷамъият ва роҳбари дастгоҳи президент Дайирбек Орунбеков пок карда шавад.

Kloop.kg гузоришеро таҳти номи "Дар оҷонси сармоягузорӣ қимат будани иншооти ҷамъиятиеро рад карданд, ки пештар дар бораи он роҳбари дастгоҳ хабар дода буд", нашр кард. Акнун мақомоти Қирғизистон талаб доранд, ки ин сарлавҳа иваз ва ё гузориш комилан пок карда шавад. Дар Kloop.kg гуфтанд, ин корро нахоҳанд кард.

Мақомоти Қирғизистон тирамоҳи соли 2022 аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ талаб карданд, ки гузориши марбут ба низои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро аз сомона пок кунад. Радиои Озодӣ ин корро накард ва вазорати фарҳанги он кишвар ба додгоҳ шикоят бурд. Дар натиҷа дастрасӣ ба сомона ва суратҳисоби бонкии радио маҳдуд шуд.

XS
SM
MD
LG