Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg Billionaires Index: Дороии Алишер Усмонов $1 млрд афзуд


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Бино ба шохиси Bloomberg, дороии миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов 1 миллиард доллар афзуда, ба 19,5 миллиард доллар расидааст.

Ба иттилои ин шохис, Усмонов, ки ӯро аз одамони наздики президенти Русия Владимир Путин меноманд, дар ҳоли ҳозир дар рӯйхати 500 одами сарватмандтарини дунё дар мақоми 81 қарор дорад.

Баъди ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, Усмонов шомили таҳримҳои иқтисодии ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё шуд.

Ба иттилои нашрияи Financial Times, Узбекистон аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки таҳримҳои зидди Усмоновро бекор кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG