Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ба ояндаи литиум умед бастаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомот гуфтанд, Тоҷикистон захираи кофии литиум (литий) дорад, аммо то ҳол коркарди онҳоро ба роҳ намондааст. Литиум моддаест, ки дар истеҳсоли батареяҳо фаровон истифода мешавад.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, мудири Саридораи геология, рӯзи 1-уми феврал гуфт, "дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз даҳ майдони ояндадори литий сабт шудааст." Ҳамзамон афзуд, "литий ба шакли кони ҷудогона вуҷуд надорад."

Солҳои охир таваҷҷуҳи кишварҳо ба истифода аз ин маъдан дар истеҳсоли васоили нақлияи барқӣ ва аккамулятори мошинҳо зиёд шудааст.

Оймуҳаммадзода гуфт, дар сурати таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ва дарёфти иҷозатнома пешниҳоди ширкатҳои хориҷиро барои истихроҷи маъдан баррасӣ мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, "барои ин кор бояд дар Тоҷикистон аз ҳисоби геологҳои қавии кишвар ва хориҷӣ гуруҳе таъсис дода шавад. Мутмаинам, дар Тоҷикистон захираҳои литийи ошкорнашуда ҳанӯз бисёр зиёд аст."

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар як соли охир дар Тоҷикистон даҳ кони нави тило дар вилояти Бадахшон ва минтақаҳои марказии кишвар кашф шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG