Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши рекордии интиқоли маблағ аз Русия ба чанд кишвари Осиёи Марказӣ


Соли 2022 интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои ҳамсоя ба таври рекордӣ зиёд шудааст. Хабаргузории русии РБК ҳаҷми пули фиристодаи русҳоро ба Қазоқистон, Гурҷистон, Узбекистон, Арманистону Қирғизистон ҳисоб карда, ба ин хулоса омадааст, ки ин нишондод ба фарқ аз солҳои пеш аз ду то 7 баробар бештар аст.

Ба ин тартиб дар соли 2022 аз Русия ба Қазоқистон беш аз 775 миллион доллар интиқол додаанд. Ин нишондод 7 баробар бештар аз маблағест, ки дар соли 2021 ба ин кишвар интиқол шуда буд.

Ба Гурҷистон, русиягиҳо ду миллиард доллар фиристодаанд. Соли пеш аз Русия ба ин кишвар 411 миллион доллар фиристода буданд.

Ҳаҷми маблағи интиқолёфта ба Узбекистон 14, 5 миллиард доллар будааст. Ин маблағ ду баробар бештар аз соли 2021 гуфта шудааст.

Арманистону Қирғизистон расман омори интиқоли маблағ аз Русияро нашр накардаанд. Аммо гуфта мешавад, то моҳи ноябр ҳаҷми интиқоли пул ба Арманистон 4 баробар бештар шуда, зиёда аз 3 миллиард долаарро ташкил додааст.

Ба Қирғизистон русиягиҳо беш аз дувуним миллиард доллар интиқол додаанд, ки 6 дар сад бештар аз соли 2021 будааст.

Дар ин гузориш дар бораи Тоҷикистон оморе оварда нашудааст, аммо коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул моҳи декабр дар гузорише гуфтанд, билофосила баъди ҷанги Русия дар Украина, аз моҳи феврал интиқоли пул ба Тоҷикистон кам шуд, вале дар семоҳаи дуввуми соли 2022 ба иттилои ин ниҳоди молӣ интиқоли маблағ якбора афзоиш ёфт.

Як сабаби аслии ба таври рекордӣ зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағро таҳлилгарон ба фирори даҳҳо ҳазор шаҳрванди Русия аз ин кишвар рабт медиҳанд. Пас аз оғози ҷанг дар Украина ва эълони сафарбарӣ ба артиш, русҳои зиёде ба кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ рафтанд.

Бино ба иттилои Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ аз моҳи июл то сентябр 10 миллион шаҳрванди Русия аз кишвар берун шудаанд. Ин омор як миллион бештар аз соли пештар будааст. Аксарият ба кишварҳое рафтаанд, ки бо Русия виза надоранд. Аз ҷумла бори аввал дар 5 соли ахир вуруди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистону Қазоқистон, Арманистону Қирғизистон бештар шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар як соли ахир зиёда аз 30 ҳазор мошини сабукрав бо рақаму нишонии минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон омадааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар охири моҳи октябри соли гузашта гуфт, пас аз фармони басеҷ ё "мобилизатсия" 30 ҳазор шаҳрванди Русия ба Душанбе ва гӯшаҳои дигари кишвар омадаанд.

XS
SM
MD
LG