Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нафар дар Қазоқистон баъди талаби кор 10 рӯз ҳабс шуданд


Додгоҳи шаҳри Жанаозени Қазоқистон се сокини маҳаллиро, ки барои талаби кор назди ҳукумати шаҳр ҷамъ шуданд, 10-рӯзӣ ҳабс кард.

Ин се сокин дар "иҷро накардани талаби пулис" айбдор шуданд. Ҳукми ҳабси маъмурии онҳо рӯзи 24-уми январ содир гардид.

Додгоҳ гуфт, сокинон талош карданд назди бинои ҳукумат гирдиҳамоӣ ташкил кунанд, ҳуҷҷатҳои худро нишон надоданд ва талаби қонунии корманди пулисро иҷро накардаанд.

Судшавандаҳо айбҳои эъломшударо дар додгоҳ рад карданд. Онҳо гуфтанд, назди бинои ҳукумат танҳо барои талаби кор омада буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG