Ҳукумати Эрон рӯзи 22-уми январ гуфт, ки ба амалкарди Порлумони Аврупо, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро гуруҳи террористӣ номид, посухи муносиб медиҳад.
Амир Абдуллоҳиён, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ дар Твиттер навиштааст: ”Порлумони Эрон дар садади шомил кардани унсурҳое аз артиши кишварҳои аврупоӣ дар феҳрасти террористӣ аст.”
Вакилони порлумони Аврупо рӯзи 18-уми январ бо қабули як санаде ба тарафдории он раъй доданд, ки Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон барои “фаъолиятҳои террористӣ, саркӯбу истибдод бар тазоҳуршарон ва таъмини Русия бо дронҳо” ба феҳрасти террористии 27 кишвари узви иттиҳод ворид карда шавад.