Теъдоди қурбониёни ҳамлаи мушакии Русия ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Днепри Украина ба 35 кас расид. Дар ин бора Валентин Резниченко, як масъули Днепр, хабар дод.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина шоми 15-уми январ шумораи қурбониҳоро 30 нафар ҳисоб карда буд. Маъмурони наҷот гуфтанд, 16-уми январ ҷасади 5 каси дигарро аз зери харобаҳо берун оварданд. Шӯрои маҳаллии Днепр мегӯяд, 72 кас захмӣ шуд. Амалиёти наҷот идома дорад.
Русия рӯзи 14-уми январ як идда шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Днепрро мушакборон кард. Президенти Украина Владимир Зеленский мегӯяд, барои наҷоти ҳар нафар талош доранд.
Дар ҳамин ҳол, возеҳ нест, ки шаҳри стратегии Соледар зери назорати кӣ ҳаст. Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15-уми январ иддао кард, ки нерӯҳои кишвараш Соледарро ишғол кардаанд.
Гуфтугӯ