Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов хост, қарзи Қирғизистонро бахшанд


Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)
Содир Ҷабборов (Садир Жапаров)

Содир Ҷабборов (Садир Жапаров), президенти Қирғизистон, рӯзи 8-уми январ дар Фейсбук муроҷиатномаеро ба унвонии кишварҳои шарик ва ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ нашр кард, ки Қирғизистон аз онҳо қарз гирифтааст.

Вай гуфт, "ба самти рушди иқтисоди сабз қадами устувор бардошта шудааст". Ҷабборов афзуд, ба зердастонаш дастур додааст, ки масъалаи табодули қарзи хориҷиро ба ташаббусҳои сабз ба миён гузоранд.

"Ҳоло қарзи хориҷии Қирғизистон 4,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Албатта, мо ба таври комил масъулиятҳоямонро иҷро мекунем ва хоҳем кард. Мо танҳо ташаббуси рушди иқтисоди сабз ва саҳми муштаракро дар беҳсозии вазъи муҳитзистии дунё ба миён мегузорем. Хуб мебуд, агар маблағҳое, ки барои пардохти қарзи хориҷӣ ҷудо мешаванд, барои дастгирии иқтисоди сабз равона мешуданд", - навишт Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон илова кардааст, ки масъалаи олудагии ҳавои Қирғизистонро бояд ба таври маҷмӯӣ, аз ҷумла тавассути сохтмони неругоҳҳои обӣ ҳал кард.

Ҳамасола бо фарорасии сардиҳо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон сатҳи олудагии ҳаво боло меравад. Динора Кутманов, вазири захираҳои табиӣ, муҳитзистӣ ва назорати техникии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки шуруъ аз соли 2016 Бишкек ба даҳгонаи шаҳрҳои олудатарини дунё шомил мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG