Додгоҳи Урали Қазоқистон фаъоли мадании маъруф дар минтақа Аслан Утеповро, ки дар қаллобӣ ва даъват ба порадиҳӣ айбдор мешавад, ду моҳ ҳабс кард.
Тибқи иттилои “Уральская неделя”, муфаттишон иддао доранд, ки Утепов аз соҳибкори маҳаллӣ барои миёнаравӣ дар боз кардани дукони сабзавотфурӯшӣ 800 ҳазор танга (беш аз 1700 доллар) гирифтааст ва пеш аз соли нав боз 300 ҳазор тангаи дигар талаб кардааст.
Худи Утепов ин айбро рад карда, мегӯяд, пулис ва додситонии вилоят мехоҳанд, аз ӯ барои интиқодҳояш "интиқом" гиранд.
Вакили дифои фаъоли маданӣ Руслан Шагатаев ба нашрия гуфтааст, ки Утепов шахсияти ҷамъиятӣ буда, ба соҳибкор хидмати ҳуқуқӣ мерасонад, зеро ӯ узви Палатаи мушовирони ҳуқуқӣ аст. Шагатаев низ гуфт, мақомот мехоҳанд, аз шахси зери ҳимояаш "интиқом" гиранд.
Аслан Утепов дар Урал бо муборизаҳояш бар зидди фурӯши ғайриқонунии доруҳои тиббӣ, бахусус "трамадол" маъруф аст.
Гуфтугӯ