Вазорати корҳои дохилии Русия шаш узви созмони «Вагнер»-ро, ки аз як лагери тамринӣ дар вилояти Луҳански Украина гурехтаанд, ҷустуҷӯ дорад. Онҳо қабл аз расидан ба маркази таълимӣ дар Русия дар боздошт будаанд.
Ба иттилои пойгоҳи Donday, онҳо рӯзҳои 21-22-юми декабри соли 2022 фирор карда, «шаҳрвандони Қирғизистону Беларусу Русия ва Узбекистон ҳастанд».
Вазорати корҳои дохилии Русия қазияро шарҳ надодааст. Раҳбари «Вагнер» Евгений Пригожин ба муроҷиати хабарнигорон ҷавоби муфассал надод.
Созмони «Вагнер» маҳбусонро дар Русия барои иштирок дар ҷанг дар Украина ҷалб мекунад. Ба онҳо ҷоиза ва афв ваъда шудааст.
Дар моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон "дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд". Бобоазиз Тӯйдиеви 22-сола ва Манучеҳр Шодов 28-сола буданд.
Сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико Ҷон Кирбӣ моҳи декабри соли гузашта гуфт, тибқи ҳисобҳои Вашингтон, мумкин аст, то 40 ҳазор маҳбус аз Русия дар сафи «Вагнер» бошанд.