Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: "Рубл меоранду доллар мебаранд"


Вакили порлумони Қирғизистон Ҷусупбек Коргонбой уулу аз камбуди доллари нақд дар Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳаннотон миқдори зиёди рубли русиро вориди Қирғизистон мекунанд ва аз ин ҷо долларро бо Туркия, Русия, Чин ва дигар кишварҳо мебаранд.

"Ҳаннотон рублро бо ҷомадон ба Қирғизистон меоранд ва долларро ба кишварҳои дигар мебаранд. Ҳоло камчинии доллар дида мешавад, қурбаш боло меравад ва ин ба иқтисоди мо мустақиман таъсир мерасонад", - гуфт Коргонбой дар ҷаласаи рӯзи 29 декабр.

Кайип Куленбеков, муовини раиси Бонки миллии Қирғизистон дар посух ба ҳарфҳои вакили порлумон гуфт, ки воридоти рубли русиро Девони вазирони Қирғизистон назорат мекунад.

Пештар раиси Бонки миллии он кишвар Кубаничбек Боконтаев низ дар яке аз ҷаласаҳои порлумон гуфта буд, долларро бо халта ба Русия мебаранд. Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони вазирони Қирғизистон низ ин иттилоъро тасдиқ карда буд.

XS
SM
MD
LG