Павел Антов, муассиси корхонаи азими истеҳсоли гӯшту ҳасиби "Владимирский стандарт" ва вакили Маҷлиси вилояти Владимири Русия, рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Раягадаи шарқи Ҳиндустон ҷон додааст.
Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ, маҷлиси вилояти Владимир хабари даргузашти вакилро бе шарҳи сабабҳояш нашр кард.
Дар хабарҳо гуфта шудааст, ки Антови 65-сола аз ошёнаи сеюми меҳмонхонаи Sai International афтод. Ӯ дар ҳайати як гурӯҳи чорнафараи ҷаҳонгардон дар ин меҳмонхона истироҳат мекард. Марги вакили маҷлиси вилоятии Русияро пулиси Ҳиндустон бар асоси моддаи «худкушӣ» таҳқиқ мекунад.
Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки ду рӯз пеш аз марги Антов дар ҳамин меҳмонхона як соҳибкори 61-солаи дигари рус Владимир Биданов даргузашт. Ба навиштаи баъзе аз расонаҳои вилояти Владимир, Биданов дӯсти Антов буд.
Алексей Идамкин, консули генералии Русия дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон, гуфт, пулис "феълан дар марги ин ду соҳибкор ҳеч ҳолати ҷиноиро намебинад". Таъкид мешавад, ки Антов аз тиреза афтоду Биданов аз сактаи дил даргузашт.
Павел Антов ҳамчун узви ҳизби ҳокими "Русияи воҳид2 соли 2018 узви маҷлиси Владимир шуд. Он сол дороиҳои сабткардааш 9,97 миллиард рублро ташкил дод ва ӯ дар феҳристи Forbes оид ба даромадҳои кормандони давлат дар ҷойи якум қарор гирифт. Соли 2021 ӯ дигар ба ин феҳраст шомил нашуд.
"Медиазона" навишт, моҳи июни имсол дар саҳифаи вотсапи Антов дар бораи оташборони як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Киев шарҳе нашр шуд. Ӯ дар назди аксе навишт: «Ростӣ, инро ба ҷуз террор бо калимаи дигар ифода карда намешавад».
Муддате нагузашта ин навишта пок шуд ва Антов инро натиҷаи «як иштибоҳи фаннӣ» номид. Он замон вакил навишт: "Таъкид мекунам, ки ман тарафдори президент ҳастам ва ватандӯсти кишварам."
Гуфтугӯ