Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украиниҳо аз ҳуҷумҳои шадиди рӯзи гузашта хабар доданд


Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 28-уми декабр гуфт, артиши Русия бо тамаркуз болои Бахмут ва Авдеевка мавқеи нерӯҳои украиниро дар Донетск оташборон кард.

Низомиёни украинӣ гуфтанд, русҳо боз ҳам иншооти ғайринизомиро дар шаҳри Херсон нишон гирифтанд.

Дар гузориши низомиёни украинӣ омадааст, дар Херсон давоми 24 соати гузашта нерӯҳои русӣ ба иншооти мулкӣ 33 ҳамлаи тӯпхонаӣ ва як ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд.

Президент Владимир Зеленский дар муроҷиаташ шоми 27-уми декабр гуфт, вазъ дар Донбасс "мушкил ва дарднок" мемонад. Ӯ афзуд, "аз лиҳози сиёсӣ ҳафтаи ҷорӣ барои Украина бисёр муҳим хоҳад буд".

Дар машварате бо низомиён нақшаи амали нерӯҳои украинӣ барои соли оянда ва ҳам вазъ дар шаҳрҳои Креминна ва Бахмут, ки дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск ҷойгиранд, баррасӣ шудааст.

Суҳбатҳои Зеленский дар ҳолест, ки як коршиноси низомии бритониёӣ дар суҳбат бо ВВС гуфт, нерӯҳои украинӣ ба пешрафте дар Креминна ва Сватове наздик шудаанд. Майкл Кларк гуфт, "ин пешрафт метавонад, Русияро 65 километр қафо партояд, ба нуқтае, ки аз он ҷо таҷовузи нерӯҳояш дар моҳи феврал сар шуд."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG