Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар марзи Покистону Афғонистон ду кушта бар ҷой гузошт


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Низомиёни Покистон гуфтанд, дар натиҷаи даргирӣ миёни сарбозони кишвар ва ифротиён дар марз бо Афғонистон, як сарбоз ва як ҷангҷӯ кушта шудаанд.

Артиши Покистон рӯзи 25-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, гуруҳе аз ҷангҷӯён мехостанд, аз як гӯшаи марз дар шимолуғарби кишвар аз Афғонистон ба Покистон ворид шаванд, ки дар натиҷаи он даргирӣ сурат гирифт. Дар ин даргирӣ ду сарбози дигари покистонӣ захм бардоштаанд.

Ба гуфтаи артиши Покистон, онҳо ин минтақаро чанд рӯз боз зери назорат доштанд, зеро иттило гирифта буданд, ки тундавон мехоҳанд, бо вуруд ба қаламрави кишвар ғайринизомиён ва неруҳои амниятиро ҳадаф бигиранд.

XS
SM
MD
LG