Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 21-уми декабр барои дидору мулоқот бо Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, вориди Вашингтон хоҳад шуд.
Ин сафари нахустини Зеленский ба хориҷ баъд аз таҷовузи Русия ба Украина дар даҳ моҳи пеш аст.
Айни замон интизор меравад, ки Конгресси Амрико барои тарҳи буҷаи соли оянда раъй бидиҳад, ки дар он 40 миллиард доллар ёрии изофии низомӣ ба Украина пешбинӣ шудааст.
Кохи Сафед гуфт, Ҷо Байден ҳангоми сафари Зеленский бастаи нави кумакҳои амниятиро ба Украина эълом хоҳад кард, то кишвар худро аз таҷовузи Русия муҳофизат кунад.
Интизор меравад, Владимир Зеленский ҳамчунин дар ҳузури вакилони амрикоӣ дар Конгресс суханронӣ кунад.
Сафари Зеленский ба Амрико пас аз 300 рӯзи оғози ҷанги Русия дар Украина сурат мегирад, ки баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, бузургтарин ҷанг дар қаламрави Аврупо ба ҳисоб меравад.
Гуфтугӯ