Дар дохили нақби Соланг, дар вилояти Парвони Афғонистон бар асари оташсӯзӣ наздик ба 20 нафар ба ҳалокат расидааст.
Шаби гузашта як мошини нафткаш дар дохили нақб чаппа шуда, оташ мегирад.
Мақомоти ҳукумати Толибон дар вилояти Парвон гуфтаанд, ки 32 нафар захмӣ шудааст ва дар миёни кушташудагон занону кӯдакон низ ҳастанд.
Роҳ ҳоло тариқи ағбаи Соланг баста шудааст. Нақби Соланг, ки наздик ба се километр дарозӣ дорад, аз ҷониби сохтумончиёни Шӯравӣ дар солҳои 50-60-уми асри гузашта сохта шудааст.
Ин нақб ҷануби Афғонистонро ба шимол мепайвандад.