Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: Амрико намехост, Украина генерали русро бикушад


Валерий Герасимов, сардори Ситоди марказии артиши Русия
Валерий Герасимов, сардори Ситоди марказии артиши Русия

The New York Times, нашрияи маъруфи амрикоӣ навиштааст, ки мақомоти Амрико талош карданд, то Украина ба макони Валерий Герасимов, сардори Ситоди марказии артиши Русия дар Украина ҳамла накунад.

Манбаҳои беноми ин нашрия гуфтаанд, ки баҳори имсол хадамоти ҷосусии Амрико аз сафари Валерий Герасимов ба хати ҷанги Русия бо Украина хабар ёфт. Вашингтон ба Украина гуфтааст, ки ба ситоди ин фармондеҳи баландрутбаи рус ҳамла накунад, вале дар посух Киев гуфтааст, алакай ба он макон ҳамла шудааст.

Манбаи нашрия гуфтааст, Амрико тарс дошт, ки бо кушта шудани Герасимов эҳтимол миёни ИМА ва Русия ҷанг сар занад.

Дар бораи ҳамла ба як пойгоҳи низомии Русия дар Изюми Украина, ки тахмин мерафт, Герсимов он ҷо қарор дорад, якуми майи имсол хабар нашр шуд. Он замон нашрияҳо навишта буданд, ки эҳтимол Герасимов, ки барои шахсан фармондеҳӣ кардани ҷанг рафта буд, захмӣ шудааст.

Он замон Валерий Герасимови 67-солаи амалиёти ҷанг дар Украинро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG