Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон беш аз 500 мактабро "карантин" карданд


Токтобубу Ашимбаева, муовини вазири маорифи Қирғизистон, гуфт, 509 мактаб ва 168 боғчаро ба далели сирояти вируси шадиди роҳҳои нафас (ОРВИ) карантин карданд.

Тасмими баста шудани мактабу боғчаҳо аз сӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи 15-уми декабр гирифта шудааст.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки беш аз 20 дарсади хонандагон дар дарс ҳузур надошта бошанд.

Дар Қирғизистон ҳафтаҳои охир шумори беморони мубтало ба зуком ё сирояти вируси шадиди роҳҳои нафас меафзояд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG