Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳикматёр гуфт, ба ҷонаш маргталабон аз Тоҷикистон қасд карданд


Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии афғон
Гулбиддин Ҳикматёр, сиёсатмадори ҷанҷолии афғон

Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз сиёсатмадорони ҷанҷолӣ ва раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон мегӯяд, маргталабоне, ки мехостанд, ҳафтаи гузашта ӯро нобуд кунанд, шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Гулбиддин Ҳикматёр рӯзи ҷумъа 10-уми декабр зимни намози ҷумъа дар шаҳри Кобул гуфт, ҳамлагарон аз Тоҷикистон будаанд.

“Таҳқиқоти ибтидоӣ нишон медиҳад, ки ҳарду террорист, тоҷикистониянд, афғон нестанд. Гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки касеро аз миёни афғонҳо омода кунад, ба ин навъи амалиёт. Бояд маълум шавад, ки чаро тоҷикистониянд, чаро на афғон. Байрақи сиёҳи ДОИШ аз дасти ҳамкору муҳофизи террористи интиҳорӣ ба даст омад.”,--гуфт ӯ.

Гулбиддин Ҳикматёр ҳеч далеле барои собит кардани гуфтаҳояш наовард ва мақомоти Тоҷикистон ҳам то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ҳафтае пеш Ҳизби исломии Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи марказии ҳизб дар Кобул панҷ ҳамлавар, аз ҷумла ду маргталаб, кушта шудаанд ва ду муҳофизи Ҳикматёр ҷароҳат бардоштанд. Маргталабон замоне ҳамла кардаанд, ки Ҳикматёр саргарми хутбаи намози ҷумъа будааст.

Гулбиддин Ҳикматёр, ки бо номи Қассоби Кобул ҳам маъруф аст, аз сиёсатмадорони ифротӣ ва мутаасиби афғон ба шумор меравад ва дар гузашта ҳам Тоҷикистонро ба дахолат ба умури дохилии Афғонистон муттаҳам кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG