Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Узбекистон ба Қирғизистон ба таъхир афтод


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон, ки рӯзи 10 декабр дар назар буд, ба таъхир гузошта шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки Мирзиёев то охири соли ҷорӣ ба Қирғизистон сафар хоҳад кард.

Рӯзи 9 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баргузор мешавад. Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов дар ин ҷаласа ба ҳайси нозир ширкат хоҳад кард.

Қарор буд дар сафари Мирзиёев ба Қирғизистон чанд санад ба имзо расад. Ҳамчунин форуми тиҷории Қирғизистону Узбекистон мебоист, баргузор шавад.

Яке аз масоили муҳими дастури кори сафари Мирзиёев ба Қирғизистон имзои созишномаи марзӣ байни Қирғизистону Узбекистон аст.

XS
SM
MD
LG