Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Додгоҳи олии Қазоқистонро иваз карданд


Жакип Асанов, раиси Додгоҳи олии Қазоқистон аз мақом барканор шуд. Вай 5 сол дар ин мақом адои вазифа кард. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон номзадии Асламбек Мергалиевро ба мақоми раисии нави Додгоҳи олӣ пешниҳод кард.

Номзадии раиси Додгоҳи олии Қазоқистонро президент пешниҳод ва табақаи болоии порлумони он кишвар тасдиқ мекунад.

Вакилони порлумон Асламбек Мергалиевро ба мақоми Додгоҳи олӣ интихоб карданд.

Мергалиев аз соли 2020 то ин замон раиси Додгоҳи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG