Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми декабр дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумон барномаи кории ҳукумат дар соли ояндаро шарҳ медиҳад. Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.