Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори фирории қазоқ дар Прага боздошт шуд


Kazakhstan. Nursultan Nazarbayev visited the construction site of the auto-industrial cluster AZIA AVTO in Ust-Kamenogorsk. June 29, 2016.
Kazakhstan. Nursultan Nazarbayev visited the construction site of the auto-industrial cluster AZIA AVTO in Ust-Kamenogorsk. June 29, 2016.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Қазоқистон Шугила Турлибек гуфт, мудири боздоштшудаи гуруҳи ширкатҳои "БИПЭК авто — Азия авто" дар Чехия таҳти пайгарди қонунии байналмилалӣ қарор дошт.

"Яке аз мудирони гуруҳи ширкатҳои "БИПЭК авто — Азия авто" бо дархости Бюрои миллии Интерпол дар Қазоқистон дар шаҳри Прагаи Чехия боздошт шудааст. Ӯро Департаменти ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ҷустуҷӯ мекард", - изҳор дошт Турлибек рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Остона.

Ба гуфтаи ӯ, мудири ширкат ҳабс буда, дар ҳоли ҳозир масъалаи истирдоди ӯ ба Қазоқистон баррасӣ мешавад.

Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон соли 2020 шартномаи ҳамкорӣ бо "БИПЭК авто — Азия авто"-ро дар бораи ироаи имтиёзҳо бар ивази истеҳсоли саноатӣ бекор кард ва аз ширкат хост, наздики 371 миллион доллареро, ки барои 10 сол ҳамчун имтиёз ба даст овардааст, ба давлат баргардонад. Ба иддаои вазорат, ширкат уҳдадориҳои худро иҷро накардааст. Ширкат аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда буд.

Расонаҳо моҳи августи соли гузашта хабар доданд, ки мудири ширкат Анатолий Балушкин аз Қазоқистон фирор кард ва додгоҳ ҳукми ҳабси ӯро ғоибона содир кардааст.

XS
SM
MD
LG