Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода: То охири сол қатъномаи СММ дар масъалаи пиряхҳо қабул мешавад


Султон Раҳимзода.
Султон Раҳимзода.

Тоҷикистон умедвор аст, ки то охири сол қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо қабул мешавад. Дар ин бора Султон Раҳимзода, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳур вобаста ба масъалаи обу иқлим, рӯзи 2-юми декабр хабар дод.

Ҷаноби Раҳимзода зимни як нишаст бо ҳузури намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе гуфт, ҷониби Тоҷикистон пешнависи қатъномаро омода карда, бо маъмуриятҳои дигар кишварҳо дар СММ муҳокима кард.

"То ҷое медонам ин тарҳ аллакай дар сатҳи Кумитаи дувум тасдиқи худро ёфт. Мо умедворем, ки то охири ҳамин сол қатънома дар Маҷмааи кулли СММ қабул мешавад ва ин боз саҳми арзандае дар ҳалли мушкилиҳои вобаста ба об хоҳад шуд. Зеро пиряхҳо сарчашмаи обҳои ошомиданӣ мебошанд",-афзуд Султон Раҳимзода.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милал пешниҳод кардааст, ки "соли2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад". Тоҷикистон ҳамчунин мехоҳад Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли камбуди об дар ҷаҳон ба Созмони Миллал чандин пешниҳодҳоеро ироа кардааст ва мизбони чанд нишаста вобаста ба об буд. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар дохили кишвар сокинон бо оби тоза пурра таъмин нестанд ва бояд ин масъала ҳам ҳал шавад.

XS
SM
MD
LG