Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони "Бутун Қирғизистон" дар порлумон ба сохтакорӣ айбдор шуданд


Адахон Мадумаров, раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон".
Адахон Мадумаров, раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон".

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон зидди намояндагони Ҳизби "Бутун Қирғизистон", ки дар порлумон кор мекунанд, бо гумони сохтакории аснод парванда боз кардааст.

Дар иттилоияи расмии кумита омадааст, ки мушовири раиси ҷиноҳи "Бутун Қирғизистон", коршиноси котиботи ҷиноҳ ва ёвари Адахон Мадумаров ҳангоми ба кор қабул шудан дар порлумони Қирғизистон дар дафтарчаи меҳнатии худ маълумоти дуруғ пешниҳод кардаанд.

Ду гумонбар аллакай гуноҳро эътироф карда, бо хоҳиши худ аз кор рафтаанд. Мушовири Мадумаров бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек аз мақомаш барканор шудааст.

Ҳизби "Бутун Қирғизистон", ки худро мухолиф эълом кардааст, дар порлумони ин кишвар шаш намоянда дорад. Раиси ҷиноҳи он Адахон Мадумаров аст.

XS
SM
MD
LG