Ҳанно Певкур, вазири дифои Эстония гуфтааст, бовар надорад, ки артиши Русия баъди 9 моҳи ҷанг бо Украина фавқуллода заиф шуда бошад.
Ӯ ҳангоми сафараш ба Берлин дар рӯзи 27-уми ноябр ба Хабаргузории Олмон гуфтааст: “Мо бояд самимӣ ва возеҳ бигӯем. Неруҳои баҳрӣ ва ҳавоии Русия ҳамонгуна ки буданд, мисли замони пеш аз ҷанг бузург ҳастанд.”
Ӯ афзудааст: “Бо вуҷуди онки неруҳои заминии Русия қудрати чашмгиреро аз даст додаанд, вале “дер ё зуд” ҳамон қудратеро ба даст меоранд, ки қабл аз 24-уми феврал доштанд. Ҳанно Певкур, вазири дифои Эстония ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ гуфтааст: “Ҳеч далеле нест, ки таҳдиди Русия ба наҳве коҳиш ёфтааст ва ё таҳдид ба НАТО коҳиш ёфтааст.
Эстония, ки узви ин паймони низомӣ аст, ба қавли вазири дифоаш то кунун ба ҳадде ба артиши Украина кумак расондааст, ки 1 дар сад маҷмуи маҳсулоти дохилии он кишварро ташкил медиҳад.