Сафири Украина дар Узбекистон Николай Дорошенко рӯзи 10-уми ноябр ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон даъват шуд.
Маркази матуботии вазорат хабар дод, ки дар ин мулоқот нигаронии ҷиддии ҷониби Узбекистон ба сафири Украина дар мавриди паҳн кардани изҳорот дар бораи интиқоли маҳсулот ба Русия бо давр задани таҳримҳо расонида шудааст.
"Зикр шуд, ки ҷониби Украина дар бораи Узбекистон набояд иттилои носанҷидаро дар расонаҳо паҳн созад", - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Сафир Дорошенко гуфтааст, "бидуни таъхир нигаронии ҷониби Узбекистонро ба роҳбарияти вазорати корҳои хориҷии Украина мерасонад".
Гуфтугӯ