Урсула вон дер Лейен, раҳбари Кумисюни Аврупо, ҳангоми сафараш ба Молдова рӯзи 10-уми ноябр гуфт, барои муқобила бо буҳрони шадиди энержӣ, ки дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина пеш омадааст, ба ин кишвари нодори аврупоӣ 250 миллион евро мадад хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, ин кишвари ҳамсояи Украина аз 1-уми январ 100 миллион евроро ба ҳайси грант ва ҳамин қадар пулро чун қарз аз Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли мушкили камбуди газ дарёфт мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, 50 миллион евро барои ёрӣ ба сокинони фавқулода ниёзманди Молдова дода мешавад.
Изҳороти раҳбари Кумисюни Аврупо дар як нишасти матбуотии муштаракаш бо президенти ғарбгарои Молдова Майя Санду садо дод. Вай гуфт, "ҳамраъйии Аврупо бо ҷумҳурии Молдова шикастнопазир аст" ва ваъда дод, ки мақомоти аврупоӣ барои берун шудан аз ин буҳрон "кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод".
Баъд аз ҳуҷуми Русия ба Украина соли ҷорӣ Молдова мизбони садҳо ҳазор паноҳҷӯи украинӣ шуд. Вон дер Лейен гуфт, ҳамонгуна, ки сокинони Моллдова ба ёрии украиниҳо шитофтанд, Иттиҳоди Аврупо ҳамингуна ба кумаки онҳо мешитобад.
Санду ҳуҷуми беасоси Русияро ба хоки Украина маҳкум кард. Русия таҳдид кард, ки интиқоли газро ба Молдова бо сабаби қарздории ин кишвар бас мекунад. Молдова аз гази Русия сахт вобаста аст.
Гуфтугӯ