Се футболбози тоҷикро барои рафтори хашин ва дашном додан ҳангоми бозӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар дод.
Қоидашиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро 27-уми октябр баррасӣ карданд.
Дар натиҷа, ду бозигари дастаи “Динамо” ва як футболбози “Куктош”-ро барои рафтори нодуруст ва риоя накардани қоидаҳо 250-сомонӣ (дар умум 750 сомонӣ) ҷарима бастанд.
Футболбози дастаи “Куктош” барои қасдан зарба задан ба рақибаш аз 3 бозӣ маҳрум шуд.
Ду бозигари дастаи “Динамо” барои таҳқиру дашном ва фишор ба доварон аз ҳаққи ширкат дар чаҳор бозӣ бенасиб монданд.
Гуфтугӯ