Як барандаи телевизиони давлатии Русияро барои гуфтаҳои хусуматбарангезаш дар бораи мардуми Украина аз кор маҳрум кардаанд.
Сардабири телевизиони RT Маргарита Симоян дар Твиттер навишт, ки ҳеч касе дар телевизион ба андешаҳои “нафратангези“ Антон Красовский мувофиқ нест.
Ин хабарнигор ҳафтаи гузашта дар як барномаи телевизионӣ гуфт, он кӯдакони украиниро ки мегӯянд, Русия хоки Украинаро ишғол кардааст, бояд ба дарё андохтаву ғарқ кард. Ин хабарнигор, ки тарафдори ҷанг дар Украина аст, ин суханонро дар мусоҳибае бо Сергей Лукяненко, нависандаи рус ба забон овард. Адиби рус дар ин мусоҳиба гуфт, солҳои 80-ум вақте ӯ дар Украина буд, гурӯҳе аз кӯдакон ба ӯ гуфтаанд, агар шӯравии собиқ Украинаро ишғол намекард, онҳо зиндагии беҳтаре доштанд.
Антон Красовский дар посух гуфт, ин гуна кӯдаконро мебояд, ба рӯдхонаи пуртуғён андохт ва ё дар дохили кулбаи украинӣ оташ зад. Изҳороти Антон Красовский хашми ҳукумати Украина ва дигар кишварҳои ҷаҳонро барангехт.
Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, бо ишора ба ин даъватҳо, Антон Красовскийро ба даъват ба наслкушии украиниҳо муттаҳам кард ва аз кишварҳои ҷаҳон хост, нашри барномаҳои Russia Today-ро дар қаламравҳояшон манъ кунанд.