Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷамъияти қарақалпоқистониҳои Қазоқистон таҳти пайгард қарор гирифт


Ниятбой Уразбоев, раиси ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар вилояти Мангистауи Қазоқистон.
Ниятбой Уразбоев, раиси ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар вилояти Мангистауи Қазоқистон.

Узбекистон раиси ҷамъияти қарақалпоқистониҳо дар вилояти Мангистауи Қазоқистон Ниятбой Уразбоевро дар доираи парвандаи "таҷовуз ба сохти конститутсионии кишвар" таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додааст.

Дар ин бора намояндаи ҷамъияти қарақалпоқистониҳо Оқилбек Муротбой 13-уми октябр дар "Твиттер" хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Вазорати умури дохилии Қазоқистон номи Уразбоевро ба рӯйхати афроди таҳти пайгард шомил кардааст.

Ниятбой Уразбоеви 53-сола, шаҳрванди Қазоқистон парвандаи худро ба эътирозҳои Қарақалпоқистон дар моҳи июли имсол рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳангоми ҳодисаҳо дар Қазоқистон буд.

Ба иттилои хабаргузории "Власть", Уразбоев пеш аз рӯйдодҳои июли имсол бо нашри як паёми видеоӣ мухолиф будани худро ба тағйири моддаи 74 Конститутсияи Узбекистон дар бораи худмухтории Қарақалпоқистон баён карда буд.

Рӯзҳои 1-2-уми июли имсол дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон зидди тағйир додани мақоми конститутсионии ин ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил шуд.

Неруҳои қудратии Узбекистон гирдиҳамоиро пахш карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 21 кас кушта ва 243 кас маҷруҳ гардидааст. Мақомот 516 тани дигарро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG