Юлия Вишневетская, хабарнигори ғайриштатии Радиои Озодӣ, ки 26-уми сентябр дар Махачқалъа, маркази Доғистон, дастгир шуда буд, ба иттиҳоми “иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷоза” алайҳи сафарбарӣ ба артиш панҷ рӯз ҳабс шуд.
Вишневетская дар додгоҳ гуфт, ҳамчун рӯзноманигор ба гирдиҳамоӣ рафта буд, то назари мардумро дар бораи басеҷ бифаҳмад.
Ӯ ва рӯзноманигорони дигарро дар тазоҳуроти рӯзи душанбе дастгир карданд. Онҳо дар идораи пулис ба муддати дароз ба телефон ва вакили мудофеъ дастрасӣ надоштанд.
Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, боздошти Юлия Вишневетскаяро маҳкум кард. Ӯ гуфт, "Юлия танҳо масъулияти хабарнигорияшро анҷом медод ва ба манфиати мухотабон дар Русия кор мекард. Бояд фавран озод карда шавад."
Рӯзи 26-уми сентябр дар шаҳри Махачқалъа чанд сад нафар ба нишони эътироз алайҳи сафарбарии мардон ба ҷанг бо Украина баромаданд. Ба гузориши сомонаи “Кавказ.Реалии”, пулис он рӯз 110 нафарро боздошт кард.
Гуфтугӯ