Мавзӯи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷони беш аз сад нафарро аз ҳарду тараф гирифту даҳҳо нафари дигарро маҷрӯҳ ва бесарпаноҳ гузошт, дар мулоқоти сегонаи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо ва муовини дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ баррасӣ шудааст.
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар хабарҳои мухтасаре, ки 24-уми сентябр нашр карданд, гуфтанд, ки мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон - Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубаев бо Розмари Анн ДиКарло, муовини Антонио Гутерреш дар масоили сиёсӣ рӯзи 23-юми сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд. ВКХ Тоҷикистон гуфт, “ширкатдорони ин мулоқот дар бораи вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар ва омодагии худро барои идомаи музокирот ба хотири ҳалли сулҳомези масъала баён карданд”.
Ҳарду сохтори дипломатӣ навиштанд, ки дар ҷараёни ин мулоқот ба зарурати иҷрои шартҳои протоколи рӯзи 19-уми сентябр миёни ду кишвар имзошуда таъкид гардид.