Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо кас дар иқдомҳои зиддинизомӣ дар Русия


Боздошти яке аз эътирозгарон дар Маскав, 21-уми сентябри 2022
Боздошти яке аз эътирозгарон дар Маскав, 21-уми сентябри 2022

Дар иқдомҳои зидди басичсозии низомӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия садҳо касро боздошт карданд. Миёни иштирокдорони иқдом бештар занҳо буданд. Онҳо шиорҳои "Ҳаёт ба фарзандони мо!" ва "Нест бод ҷанг!" сар доданд.

Шумори дақиқи иштирокдорон хабар дода намешавад, аммо дар наворҳо дида мешавад, ки садҳо кас дар иқдоми зидди басичсозии низомӣ ширкат карданд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург иқдоми мазкур дар назди калисои ҷомеи Исҳоқ баргузор шуд. Пулис иштирокдоронро дар ҳалқа гирифта, чанд танро боздошт кард.

То соати 8 шоми 21-уми сентябр дар Маскаву Санкт-Петербург дастикам 246 иштирокчӣ боздошт шуд, хабар доданд расонаҳо.

Дар умум дар 24 шаҳри Русия зидди басичсозии низомӣ роҳпаймоиву гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар ҳамаи ин шаҳрҳо дар маҷмуъ садҳо иштирокчиро боздошт карданд.

Рӯзи чаҳоршанбе президенти Русия Владимир Путин фармонро дар бораи басичсозии низомӣ имзо кард. Путин гуфт, басичсозӣ барои "ҳифзи кишвар ва тамомияти он" ва инчунин зарурати амалиёти низомӣ бо Украина муҳим аст.

Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басич мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар маҷмуъ 300 ҳазор низомӣ аз ҳисоби неруҳои захиравӣ басич карда мешаванд.

Аз ибтидои ҳамлаи мусаллаҳонаи артиши Русия ба Украина бисёре аз коршиносони низомӣ гуфтанд, артиши Русия бе басичсозӣ ё ҷалби нерӯҳои бештар ба ҳадафҳои пешгузоштаи Путин намерасад. Пештар дар Кремл борҳо гуфта буданд, ки тасмим надоранд басичсозии сартосарӣ эълон кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG