Саодат Нарзиева, хоҳари сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмоновро аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карданд.
Нарзиева моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамроҳ бо хешовандони мансабдорону сарватмадони дигари Русия шомили таҳримҳое шуданд, ки Иттиҳоди Аврупо баъди ҳамлаи Русия ба Украина тартиб додааст.
Ба навиштаи расонаҳо, Усмонов ва Нарзиева моҳи апрел ба додгоҳ шикоят бурда, дархости бекор кардани таҳримҳоро кардаанд. Аммо ҳоло танҳо Нарзиева аз таҳримҳо хориҷ ва Усмонов боқӣ мондааст.