Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW рафтори Русия ва ҳампаймонҳояшро танқид кард


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) нерӯҳои Русия ва ҳампаймонҳояшро танқид кард, ки шаҳрвандони украинӣ, аз ҷумла фирориёнро “маҷбурӣ” ба Русия ва ё минтақаҳои зери назораташ дар Украина мефиристанд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар гузорише рӯзи 1-уми сентябр рафтори Русия ва шариконашро "нақзи ҷиддии қонунҳои ҷанг" донист, ки ҷинояти ҷангӣ ва ҷинояти эҳтимолӣ алайҳи башариятро ташкил медиҳанд.

Аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина, Маскав барои ҳадафмандона тирборон кардани маҳалҳои зист ва бемористону марказҳои савдо ҳамвора ба содир кардани ҷинояти ҷангӣ муттаҳам мешавад.

Ҳамчунин иддао дар бораи боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ғайб задани ғайринизомиён вуҷуд доранд. Маскав ҳама иттиҳомотро рад кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG