Додситонии кулли Қирғизистон дар робита ба эътироф ва иҷрои ҳукми Додгоҳи олии Қирғизистон нисбати президенти фирории ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба Беларус дархост фиристод.
Қирғизистон дар умум ба ҷониби Беларус чаҳор дархост ирсол кардааст. "Аммо Беларус ҳар дафъа дархости Қирғизистонро рад ва таъқиби Қурмонбек Боқиевро сиёсӣ донистааст," -- хабар медиҳад додситонии кулли Қирғизистон.
Ибтидои моҳи июли имсол Боқиев дар мусоҳиба бо нашрияҳо гуфта буд, омода аст, ба таври онлайнӣ ба суолҳои тафтишот посух диҳад.
Боқиев соли 2005 дар натиҷаи инқилоб сари қудрат омада, дар натиҷаи инқилоби соли 2010 аз қудрат ронда шуд. Ҳангоми талоши пароканда кардани гирдиҳамоиҳо дар соли 2010 90 кас кушта шуд. Дар натиҷа Боқиев бо хонаводааш ба Белорус фирор кард.
Қурмонбек Боқиевро дар Қирғизистон ғоибона 30 сол зиндонӣ кардаанд.
Гуфтугӯ