Раиси ширкати "Такомил курилиш сервис" дар ноҳияи Улугнори вилояти Андиҷони Узбекистон худкушӣ кардааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ин соҳибкор дар толори варзиш худро овехтааст. Ба навиштаи корбарон, ҳокими ноҳия ва додситон соҳибкорро дар як маҷлис бо ҳузури 250-300 нафар таҳқир кардаанд.
Ин соҳибкор ба сохтмон машғул буд. Вай дар толоре худкушӣ кард, ки онро ширкаташ месохт.
Мақомоти вилояти Андиҷон гуфтанд, дар ноҳияи Улугноре ҳеч ҷаласае бо ҳузури 250-300 кас баргузор нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоким ва додситони ноҳия ба соҳибкор фишор наовардаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардаанд.
Пештар аз ин дар вилояти Андиҷон соҳибкори дигар Раҳмиддин Мирзоев худкушӣ карда буд.
Гуфтугӯ